ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14407)

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари меҳрабон! Ин ёрон сармасти ҷоми паймонанд, ва дар муҳаббатат саргашта ва бодияпаймо. Аз фироқат пурэҳтироқанд, ва ба ишроқат дар ниҳояти иштиёқ. Аз Малакути ғайби ҷаҳони пинҳон таҷаллӣ иноят намо, ва партави мавҳибат афшон. Ҳар дам файзи ҷадид фирист, ва фазли бадеъ падид фармо. Эй Парвардигор, мо нотавонем, Туӣ Тавоно. Мӯронем, ва Туӣ Сулаймони Малакути Абҳо! Инояте фармо ва мавҳибате бинамо, то шӯълаи замин ва ламъӣ нисор кунем. Қуввате бинамоем, ва хидмате муҷро дорем. Сабаби нуронияти ин ҷаҳони зулмонӣ гардем, ва рӯҳоният дар ин хокдони фонӣ. Даме наёсоем, ва худро ба шууни фония наёлоем. Базми ҳидоят биёроем, ва ба хавф ва хатар бигзорем, шаҷари пурсамар шавем, ва дар ин ҷаҳони бебуниён сабаби зуҳури камолоти олами инсон гардем. Иннака Антал Каримул – Раҳим– ул – Ғафурул – Таввоб.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14408)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Фазл ва инояте ва ҳифз ва ҳимояте ва лутф ва сиёнате, то ниҳояти айём мумтоз аз бидоят гардад ва хотимат– ул– ҳаёт фотиҳат– ул– алтоф шавад. Дар ҳар дам лутф ва инояте расад ва ҳар нафас афв ва раҳмате мабзул гардад, то ин ки дар зилли мамдуд таҳти ливои маъқуд ба Малакути маҳмуд роҷеъ гардам. Туӣ Маннон ва Меҳрубон ва Туӣ Раб– бул– ҷуд вал– эҳсон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14409)

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Парвардигор! Ин муштоқон ошуфтаи руи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту ва мутаваҷҷеҳ ба сӯи Ту ва ошиқони хӯи дилҷӯи Ту. Ин нуфуси муборакро дар ҷаҳони малакут бар сарири иззати аҳадия истиқрор деҳ, ва иклили ҷалили мавоҳиби куллия бар сар неҳ, то дар ҷаҳони боло сарфароз гарданд ва бо нағма ва овоз ба шукронаи алтоф бипардозанд.Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Диҳанда, ва Бахшанда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14410)

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони меҳрабонам, ва орзуи дил ва ҷонам! Ёронатро инояте фармо, ва дустонатро мавҳибате бахш, ошиқонатро дилнишин бош, ва муштоқонатро ёр ва муниси ҷон ва қарин. Дилҳо ба оташи ишқат афрухтанд ва ҷигарҳо ба нори муҳаббатат сухтанд. Кулл орзуи қурбонгоҳи ишқ кунанд, то ҷонро ройгон фидо намоянд. Эй Парвардигор! Инояте фармо, ва ҳидояте кун ва нусрати руҳония бахш, ва ба муҳаббати осмонӣ сарафроз намо. Худоё! Моро ба фазл ва ҷуди Худ ёрӣ деҳ, ва қалби моро ба нури Лиқои Худ равшан соз. То дар маҳфилҳои шиносоии Ту чароғи ҳидоят, ва дар маҷлисҳои тибён оёти алтофи Ту гардем. Туӣ Раҳмон, Туӣ Карим ва Мустаъон .

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14411)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин олами зулмониро ҷаҳони анвор фармо ва мазоҳири шайтониро аброр ва ахёр кун. Абри раҳмат баланд фармо ва борони мавҳибат бибор ва насими ҷонпарвар бивазон ва анвори Шамси Ҳақиқат сотеъ фармо, то ин гиёҳи пажмурда тароват ва латофат ёбад, ва дарахтони бебарг ва шукуфа сабз ва хуррам гардад. Кӯрон бино шаванд ва карон шунаво гарданд. Нодонон доно гарданд ва ҷоҳилон воқифи асрори Яздон шаванд. Туӣ Муқтадир, ва Муқаддир, ва Мусаввир, ва Меҳрубон. Иннака Антал– Азиз– ул– Карим– ул– Маннон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14412)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Эй Омурзгор! Ёронро монанди гул ва райҳон ба рашаҳоти саҳоби иноят тароват ва латофат бахш ва мурғони чаманистони ҳақиқатро ба оҳанги малакути аҳадият ба нағма ва овоз ор. Ташнагони бодияи иштиёқро аз моъи маъин дар ин биҳишти барин сероб кун ва парвона– ҳои ишқ ва муҳаббатро ҳавли сироҷи ваҳҳоҷ парвоз деҳ ва ба ҳарорати шӯълаи нурония болу пар бисӯзон, то мазҳари ва лануҳияннаҳу ҳаётан таййиба гарданд ва матлаъи бал аҳёу инда Раббиҳим ярзуқун шаванд ва алайҳим –  ат таҳияту вас –  сано.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14413)

Ҳуввалоҳ! Эй Худои Пуратои Зул–Манан!
Воқифи ҷону дилу асрори ман.
Дар саҳарҳо мӯниси ҷонам Туӣ,
Муталлеъ бар сӯз ва ҳирмонам Туӣ.
Ҳар диле пайваст бо зикрат даме,
Ҷуз ғами Ту менаҷуяд маҳраме.
Хун шавад он дил, ки бирёни Ту нест, 
Кӯр беҳ чашме, ки гирёни Ту нест.
Дар шабони тира ва тор, Эй Қадир!
Ёди Ту дар дил чу мисбоҳи мунир.
Аз иноётат ба дил руҳе бидам,
То адам гардад, зи лутфи Ту қедам.
Дар лаёқат мангар ва дар қадрҳо.
Бингар андар фазли Худ Эй Зул–Ато!
Ин туюри болу пар ишкастаро,
Аз карам бол ва паре эҳсон намо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14414)

Ҳувал Абҳиюл Абҳо! Эй Маҳбуби Якто ва Парвардигори беҳамто! Маҳзи фазл ва ҷуд, дарҳои бахшиш гушудӣ ва рух барафрӯхтӣ. Ва дилҳо рабудӣ ва ғамҳо зудудӣ ва нағмае сурудӣ, ки қалбҳо мафтун шуд ва ақлҳо маҷнун. Чӣ шуд, ки парданишин гаштӣ ва рӯи дилнишин пӯшидӣ, ҷонҳо маҳзун шуд ва ёрон дилхун. Бисоти сурур барчида шуд ва шохи ҳубур пажмурда ва хамида. Насими ҷонбахш сокин шуд ва оби ҳаёт рокид. Пас, Эй Парвардигор нафаҳоти асрор аз Малакути Абҳоят мунташир намо ва партави анвор аз Ҷабарути Аълоят ломеъ фармо, то офоқ муаттар ва мунаввар монад

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14415)

Ҳувалабҳо! Худоё! Ин тайри ҳадиқаи ирфонро бол ва паре ато фармо ва ин парвонаи шамъи муҳаббататро қурб ва манзалате эҳсон кун, ин саргаштаи саҳрои ишқро ба хилватхонаи иноят далолат намо ва ин ташнаи бодияи ҳиҷронро ба баҳри Лиқои рӯҳонӣ бикашон. Ин бандаи қадимро надими базми алтоф кун ва ин фақири мискинро ба ғанои ҳақиқӣ мустағнӣ гардон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14416)

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Ин нуфус ошуфтаи Рӯи Туанд ва гумгаштаи Кӯи Ту ва ошиқони хулқу хӯи Ту. Сармасти ҷоми Туанд ва паррандагони боми Ту. Мурғони дастомӯзи иноятанд ва булбулони шайдои гулҳои ҳақиқат. Ташнагони чашмаи раҳматанд ва оворагони иқлими марҳамат. Эй Омурзгор! Гуноҳи бандагон ғуфрон намо ва паноҳ ба бечорагон бахш. Туӣ Худои Меҳрабон ва Туӣ соҳиби афв ва ғуфрон. Заифонро қувват бахш ва алилонро шифо иноят фармо ва мустамандонро арҷманд кун ва aфсурдагонро иштиол бахш. Аз шарри ифтитони азим маҳфуз, ва аз садамоти имтиҳони шадид масун бидор. Бар Аҳд ва Мисоқ мустақим кун ва бар паймон ва имон мустадим. Дар зилли Малакути Абҳоят манзил деҳ ва дар паноҳи ҷабарути аълоят маъво бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Шунаванда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14417)

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Дилбари Меҳрубон! Ёронро муниси дил ва ҷон бош. 
Дар ҳар даме аз баҳри алтоф шабнаме бифирист ва дар ҳар нафасе бодаи тозае бинӯшон ва майпараст бигардон, то ҷоми саҳбои Илоҳӣ ба даст гиранд ва толибонро сармаст кунанд, ва ошиқонро нашъаи бодаи аласт бахшанд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ТАЛАБИ ФАЗЛ ВА ИНОЯТ (#14418)

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари офоқ! Ин аҳли ишроқро аз ҳаловати соғари муҳаббатат ширинмаззоқ фармо. Туӣ Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

